Боқирии Канӣ: Замон ва макони даври баъдии музокирот дар ҳоли ниҳоисози аст
Музокиракунандаи аршади Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо гуфт: Замон ва макони даври баъдии музокирот дар ҳоли ниҳои шуданаст.
Даври ҳаштуми музокироти Вена дар бораи лағви таҳримҳои золимонаи Эрон, ки аз 27 декабри соли 2021 оғоз шуда буд, 11 марти соли 2022 ба пешниҳоди Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вориди як даври танафуси шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.
Аз он замон то кунун раванди музокирот ба далели таъалул дар тасмимигирии Амрико барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии ин кишвар дар қиболи Эрон ва БарҶом мутавақиф буд, аммо пас аз сафари ахири масъули сиёсти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба Теҳрон ва дидор бо мақомоти олирутбаи Эрон элом шуд бар асоси тасмими Эрон ва Амрико музокирот бо ҳадафи рафъи таҳримҳои рӯзҳои сешанбе ва чоршанбеи гузашта дар Давҳаи Қатар баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Алӣ Боқирии Канӣ, муъовини сиёсии Вазорати хориҷа ва музокиракунандаи аршади Эрон рӯзи якшанбе дар ҳошияи чорумин конфронси байналмиллалии ҳуқуқи башари амрикоӣ аз дидгоҳи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар Теҳрон афзуд: Музокирот дар Давҳа дар як чорчӯбе, ки аз пеш таъин шуда буд шакл гирифт.
Музокиракунандаи аршади Эрон афзуд: Идомаи гуфтугӯҳо бар асоси тавофуқоти аст, ки байни Эрон ва тарафи муқобил ва ба таври мушахас Энрике Мора муъовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи музокироти рафъи таҳрим идома дорад.