Азодории муҳиббони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар боргоҳи мунаввари разавӣ
(last modified Wed, 30 Nov 2016 16:30:46 GMT )
Ноябр 30, 2016 21:30 Asia/Dushanbe
  • Азодории муҳиббони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар боргоҳи мунаввари разавӣ

Муҳиббони ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо (а) дар солрӯзи шаҳодати он имоми ҳумом аз ақсо нуқоти ҷаҳон, дар остони муқаддаси он имоми рауф дар Машҳади Муқаддас ҳузур ёфта ва ба азодорӣ пардохтанд.

Ҳамзамон бо фаро расидани 30 сафар, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо (а), дӯстдорон ва иродатмандони он имоми рауф аз саросари Эрон ва кишварҳои атроф аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ироқ, Баҳрайн, Лубнон худро ба остони қудси разавӣ расонда ва дар ғами шаҳодати он ҳазрат ба азодорӣ мепардозанд.

Азодорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар шаб ва рӯзи шаҳодати ҳаштумин ахтари тобноки осмони имомат ва вилоят ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо (а) бо баргузории маросимҳои мазҳабӣ, дар ғами фироқи он имоми ҳумом ба синазанӣ ва занҷирзанӣ пардохтанд.

 Ҳамчунин ҳазорон тан аз ошиқони имом Ризо (а) аз нуқоти мухталифи Эрон бо пойи пиёда имрӯз худро ба ҳарами разавӣ расонда ва иродати холисонаи худро ба он имоми ҳумом эълом карданд.

Имрӯз чаҳоршанбе 30 сафар (30 ноябр) мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳаштумин имоми шиъаёни ҷаҳон ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо (а) аст.