Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Шветсия ва Эрон
(last modified Wed, 06 Jul 2022 04:28:28 GMT )
Июл 06, 2022 09:28 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Шветсия ва Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои шветсияии худ хостори озодии фаврии шаҳрванди эронӣ, ки бо иттиҳомоти комилан беасоси гурӯҳаки террористии Мунофиқин дар боздошт ба сар мебарад, шуд.

Ҳамиди Нурӣ дар раванди як додрасии ғайриқонунӣ, бино бар шикояти гуруҳе аз аъзои гурӯҳаки террористии Мунофиқин ва ба иттиҳомоти беасос дар Шветсия мавриди муҳокима қарор гирифт ва ҳамвора бо нақзи мукаррари ҳуқуқи шаҳрвандӣ, аз ҷумла нигаҳдорӣ дар селлули инфиродӣ, лату кӯб, дастрасӣ надоштан ба пизишку мавориде аз ин даст рӯ ба рӯ будааст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Он Линда, вазири хориҷаи Шветсия, хостори озодии фаврии Ҳамиди Нурӣ, шаҳрванди эронӣ, ки бо иттиҳомоти комилан беасоси гурӯҳаки террористии Мунофиқин дар боздошт ба сар мебарад, шуд.

Амирабдуллоҳиён бо ишора ба савобиқи тӯлонии равобити ду кишвар гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ба тавсеаи муносибот бо Аврупо, аз ҷумла Шветсия тавваҷуҳ дорад ва ҳар ду тараф бояд талош кунанд то равобити ду кишвар дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ беш аз гузашта шукуфо шавад.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бар лузуми тавваҷуҳи ҳар ду тараф бар рафъи сӯитафоҳумоту мавзуоте, ки барои тавсеаи муносиботи дуҷониба монеа эҷод кардааст, таъкид кард.

Вазири хориҷаи Шветсия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба равобити таърихии ду кишвар гуфт, равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон барои Шветсия аз арзиши болое бархӯрдор аст ва муътақидем, Эрон нақши басазое дар сулҳу суботи минтақа дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Шветсия, дар дидоре самимона бо фарзанди Ҳамиди Нурӣ, шаҳрванди эронии боздоштӣ дар Шветсия, иқдомоте ки то кунун дар сутуҳи мухталифи кишвар ва ба вижа Вазорати умури хориҷа барои пайгирии парвандаи вай сурат гирифтаро шарҳ дод.