Июл 11, 2022 17:07 Asia/Dushanbe
  • Раводиди сафари эрониён ба Қазоқистон лағв шуд
    Раводиди сафари эрониён ба Қазоқистон лағв шуд

Равобит умумии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз лағви раводиди сафари эрониён ба Қазоқистон хабар дод.

Равобит умумии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоъияи эълом кард, дар пайи тавофуқи сафари июни гузаштаи Қосим Жормат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Теҳрон ва гуфтугӯҳои анҷомшуда дар бораи лағви раводиди сафари эрониён ба Қазоқистон давлати ин кишвар эълом кард шаҳрвандони Эрон барои сафар ба Қазоқистон ниёзманди раводиди нахоҳанд буд.

Бар ин асос эрониён метавонанд бедуни раводид вориди қаламрави Қазоқистон шаванд ва ҳар бор вуруд ҳадиаксар ба муддати 14 рӯз дар ин кишвар истиқомат кунанд.

Бар асоси ин фармон эрониён метавонанд дар муддати 170 руз, маҷмуъан 42 руз дар чанд сафари 14 руза дар Қазоқистон истиқомат дошта бошанд.

Дар иттилоъияи равобит умумии Вазорати умури хориҷаи Эрон омада аст: Пешбини мешавад бо ин иқдом муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гардишгарии ду кишвар вориди марҳалаи ҷадид шавад.

 

Барчасп