Дар ёздаҳумин иҷлоси ЮНЕСКО: Парвандаи ҷаҳонии Наврӯз сабти ҷаҳонӣ шуд
(last modified Thu, 01 Dec 2016 10:54:40 GMT )
Декабр 01, 2016 15:54 Asia/Dushanbe
  • Дар ёздаҳумин иҷлоси ЮНЕСКО: Парвандаи ҷаҳонии Наврӯз сабти ҷаҳонӣ шуд

Парвандаи ҷаҳонии Наврӯз дар ёздаҳумин иҷлоси ЮНЕСКО дар Эфиопия бо ҳузури 12 кишвар сабти ҷаҳонӣ шуд.

Парвандаи Наврӯз дар моҳи меҳри соли 1388 бо узвияти 7 кишвар дар феҳристи мероси номалмуси ЮНЕСКО ба сабт расид. Дар соли 1393 ҳиҷрии шамсӣ, бо тақозои пайвастан панҷ кишвари Ироқ, Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон ин парванда дубора таҳия ва ба ЮНЕСКО ирсол шуд, ки қарор шуда буд, дар ин нишаст дар қолаби парвандаи 12 миллитии Наврӯз ба мудирияти Эрон матраҳ шавад.

Парвандаи чандмиллитии Наврӯз нахустин парвандаи байни кишварӣ ва муҳим дар ЮНЕСКО аст, ки ҳавзаҳои фарҳанги муртабитро дар канори ҳам қарор дода ва ҳамкориҳои муштараки фарҳангӣ, зарфиятсозӣ, омӯзиш ва соири мавзуоти байни кишвариро фароҳам сохтааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин парвандаи фарҳангии пухти нонҳо, ҳамчун лавош, ки аз сӯи кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон ироа шуда буд, низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Толибён баррасии гузориши давраӣ дар хусуси наққолӣ ва қиссагӯии иҷрои эронӣ ва донишу маҳорати линҷсозӣ (киштии хӯрд) ва линҷронӣ дар Халиҷи Форсро аз дигар барномаҳои ин нишаст унвон кард.

То кунун 10 мероси номалмуси Эрон ҳамчун Наврӯз, мусиқии эронӣ, қолибофии устони Форс, оинҳои паҳлавонӣ, қолишуии Кошон, таъзия, равиши суннатии қолибофӣ дар Кошон, мусиқии бахшҳои Хуросон, фановарии сохти линҷ дар ҷануб ва наққолӣ (қиссагӯӣ)-и эронӣ, дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ба сабт расидааст.