Июл 16, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Таъйини се нафар аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон
    Таъйини се нафар аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон

Раҳбари маззами инқилоби исломии Эрон се нафар аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эронро барои як давраи ҷадид таъйин карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбари бо таваҷуҳ ба поён ёфтани давраи шашсолаи узвияти се нафар аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар иҷрои асли наваду якуми қоуни асосии Эрон ва дар ҳукмҳои ҷудогона, узвияти оқоён оятуллоҳ ҳоҷ шайх Аҳмади Ҷаннати, ҳуҷҷатулислом вал муслимин ҳоҷ Сайид Муҳаммадризо Мударриси Язди ва ҳуҷҷатулислом вал муслимин ҳоҷи шайх Маҳдии Шабзиндадорро барои як давраи ҷадид тамдид ва онҳоро ба унвони узви фақеҳони Шӯрои нигаҳбон таъйин карданд.

 

Барчасп