Ғарибободӣ озодии ҳарчӣ зудтари шаҳрванди эронӣ аз зиндони Англияро хостор шуд
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон аз мухолифати давлати Англия бо бозгардондани шаҳрванди эронии маҳбус дар зиндони Англия интиқод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз мудирияти иртибототу итилоърасонии муовинати умӯри байналмиллалии қувваи қазоия ва Ситоди ҳуқуқи башар, Козими Ғарибободӣ-муовини умӯри байналмиллалии дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо интиқод аз мухолифати давлати Англия бо бозгардондани Ричард Ҷон- шаҳрванди эронии масеҳӣ, ки дар Англия зиндонӣ аст, гуфт : Ин табаъаи эронӣ дар банди зиндони Англия ба ҳеҷ ваҷҳ аз шароити матлубе дар зиндон бархурдор нест ва аз дарёфти хадамоти пизишкӣ ва саломат низ маҳрум аст . Ба гуфтаи Ғарибободӣ Вазорати умури хориҷаи Эрон то кунун пайгириҳое барои беҳбуди шароити Ричард Ҷон ва бозгашт ба Эрон анҷом дода, аммо муттаассифона тарафи англисӣ ҳеҷ иқдоме дар ин хусус анҷом надодааст. Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон таъкид кард : Шаҳрванди эронии масеҳӣ ба манзури озод шудан аз зиндону бозгашт ба Эрон ҳатто тобеъияти англисиро солиёни қабл аз худ бекор кардааст, аммо Вазорати додгустарии Англия ба баҳонаи инки озодии вай метавонад барои ҷони атбоъи англисӣ хатарнок бошад, бо ин дархост мухолифат кард. Муовини умӯри байналмиллали қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба вазъияти номусоиди табаъаи эронии масеҳӣ дар банди зиндони Англия рафтори ғайриинсонӣ бо ӯ дар зиндон ва ҳамчунин ҳусни нияти ахири Эрон дар озодии ду эронии маҳкуми дорои тобеъияти дугона аз давлати Англия хост ба таъаҳҳудоти ҳуқуқи башарии худ пойбанд бошад ва ҳарчӣ зудтари ин табаъаи эрониро озод ва ба Эрон бозгардонад . Ричард Ҷон- табаъаи эронии масеҳии маҳбус дар зиндони Англия бинобар бархе иддаоҳои воридаи зидди ӯ ҳудуди 20 сол аст дар зиндон ба сар мебурад, аммо ҳатто як рӯз низ ба мурраххасӣ нарафта ва ҳатто барои муолиҷаи беморӣ бо эъзоми ӯ ба бемористон тахассусии ҳифозатшуда низ мухолифат шудааст.