Июл 18, 2022 17:01 Asia/Dushanbe
  • Пирузии тими миллии футболи бонувони Эрон баробари Туркманистон
    Пирузии тими миллии футболи бонувони Эрон баробари Туркманистон

Тими миллии футболи бонувони Эрон дар мусобиқоти Осиёи Марказӣ "КОФО" тими Туркманистонро шикаст дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, тими миллии футболи бонувони Эрон дар севумин дидори худ дар мусобиқоти КОФО ба масофи Тукрманистон рафт ва бо натиҷаи чор ба сифр ин тимро шикаст дод.

Голҳои ин дидорро Ҳастӣ Фурузанда, Мелико Мутавалӣ, Афсона Чатрнур ва Муҳадисаи Зулфи ба самар расонданд.

Миллипушони Эрон пеш аз ин тимҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро мағлуб карданд.

Тими миллии Эрон дар охирин мусобиқоти худ муқобили Узбакистон қарор мегирад.

 

Барчасп