Июл 19, 2022 21:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони Ҷумҳурии Эрон ва Русия
    Дидори раисони Ҷумҳурии Эрон ва Русия

Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Русия дар Теҳрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия, ки асри имрӯз сешанбе ба Теҳрон сафар карда аст пас аз вуруд ба фурудгоҳ озими ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ шуд ва бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Раисони Ҷумҳурии Эрон ва Русия дар бораи густариши беш аз пеши равобит дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла энержи, транзит ва мубодилоти тиҷорӣ ва низ таҳавулоти минтақа гуфтугӯ карданд.

Пас аз гуфтугӯҳои Раисӣ ва Путин, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ба дидори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рафтанд.

Раиси Ҷумҳурии Русия барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти раванди Остона ё сулҳи Сурия ба Теҳрон сафар карда аст.

Дар ин нишасти сеҷонибаи Раисӣ, Ардуғон ва Путин дар бораи таҳавулоти ахир дар Сурия ва мубориза бо терроризм аз ҷумла ДИИШ ва ПКК ва бозгашти довталабонаи паноҳандагони сурӣ ба хонаҳояшон гуфтугӯ мекунанд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон раиси Ҷумҳурии Туркия рӯзи гузашта ба Теҳрон сафар карда аст.

 

Барчасп