Раисӣ: Руйкарди ҷадиди дастгоҳи дипломосии Эрон дар ҳоли самардиҳи аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самардиҳии раванди ҳаркати ҷадиди дипломосии Эрон ва иртиқои камсобиқаи сатҳи равобити тиҷоратӣ Эрон бо ҳамсоягон ибрози хурсанди кард.
Тавсеаи равобити ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ва дуст авлавияти аслии сиёсати хориҷии давлати Сайид Иброҳими Расисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом шуда аст.
Эрон ба сабаби мавқеъияти ҷуғрофиёӣ 15 кишварро дар ҳамсоягии худ дорад ва фаъол кардани ҳамаи зарфиятҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар равобити бо ҳамсоянго ва кишварҳои минтақа ба тавсеаи муносибатҳои ду ва чанд ҷониба сабаб мешавад ва таҳаққуқи ин муҳим ва ба нафъи сулҳу амнияти минтақа аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи имрӯз чоршанбе ҳайати давлати Эрон ба музокироти сарони кишварҳои зомини раванди Остона ва дидор бо раисони Ҷумҳурии Русия ва Туркия ишора карду гуфт: Ҳаракате, ки дар заминаи тақвияти сиёсати ҳамсоягӣ дар дипломосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи давлати мардуми оғоз шуд дар ҳоли натиҷа додан аст.
Раисӣ афзуд: Дар дидорҳои дуҷонибаи, раисони Ҷумҳурии Русия ва Туркия бар иҷрои тавофуқоти суратгирифта бо Эрон таъкид мекарданд, ки ин масъала пайгирии ҷиддии дастгоҳҳои марбутаро металабад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба дархости раиси Ҷумҳурии Русия аз Эрон барои такмили хати роҳи оҳани Рашт-Осторо ба Муҳаммади Мухбир, муъовини аввали худ маъмурият дод то бо ҳамкории Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон раванди иҷрои ин коридури муҳими транзитиро пайгири ва замонбандии дақиқи оғоз ва такмили онро ироа кунад.
Ҳафтумин иҷлоси кишварҳои зомини раванди Остона бо мизбонии Теҳрон ва бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия баргузор шуд.
Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия душанбе шаб ва Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия асри сешанбе бо ҳадафи ширкат дар нишасти раванди Остона вориди Теҳрон шуданд.
Музокироти Остона бо ибтикори амалаи Эрон ва Русия ва ҳамроҳии Туркия дар соли 2017 бо ҳадафи ҳаллу фасли мунозиъоти Сурия ва поён бахшидан ба шашсол ҷанг, овораги ва вайронӣ дар ин кишвар оғоз шуд.
Даври аввали нишаст дар Остона ё нишасти сулҳи Сурия дар январи соли 2017 бо ҳузури Эрон, Русия ва Туркия дар Қазоқистон баргузор шуд.