Сафари намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон ба Покистон
(last modified Fri, 22 Jul 2022 14:49:34 GMT )
Июл 22, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон ба Покистон

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон барои ройзанӣ бо мақомоти покистонӣ вориди Исломобод, пойтахти ин кишвар шуд.

Ҳасани Козимии Қумӣ дар сафари расмӣ бо истиқболи Сайид Муҳаммадалии Ҳусайнӣ, сафири Эрон дар Покистон, вориди ин кишвар шуд.

Козимии Қумӣ барои ройзанӣ бо мақомоти покистонӣ дар бораи мавзуоти мавриди алоқа, аз ҷумла масъалаи Афғонистон, вориди Исломобод, пойтахти ин кишвар шуд. Ва қарор аст дар ин сафар бо Муҳаммад Содиқ, ҳамтои покистонии худ ва Баловел Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кунад.

Дар ин дидорҳо мушкилоти феълии Афғонистон, мавзуи паноҳҷӯён ва роҳкорҳои тавсеаи иртибототи минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба ҳузури Эрону Покистон дар конфронси минтақаии Афғонистон, ки қарор аст 26 июл дар Тошканд баргузор шавад, мақомоти ду кишвари ҳамсоя дар нишастҳои мазкур пешниҳодоти муштараки худро барои матраҳ кардан дар ин нишасти минтақаӣ ба иштирок хоҳанд гузошт.