Эрон ва Ироқ бузургтарин шарикони тиҷории минтақа
(last modified Sat, 23 Jul 2022 12:33:52 GMT )
Июл 23, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Ироқ бузургтарин шарикони тиҷории минтақа
    Эрон ва Ироқ бузургтарин шарикони тиҷории минтақа

Раиси утоқи бозаргонии Эрон ва Ироқ гуфт: Дар 15 соли оянда тиҷорати муштараки Эрон ва Ироқ ба бузургтарин муҳити фаъолиятҳои иқтисодӣ табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Яҳё оли Исҳоқ, раиси утоқи бозаргонии Эрон ва Ироқ рузи шанбе дар нишасти муштарак бо ҳайати тиҷоратии ироқӣ, бо баёни ин ки шароити ду кишвар ба гунае аст, ки дурнамоӣ бисёр хуби барои фаъолияти иқтисодии Эрон ва Ироқ тарсим мешавад, афзуд: Ироқ ҳамвора шарики тиҷоратии дувум ва сеюми Эрон буда аст.

Оли Исҳоқ бо таъкид бар ин ки азми масъулони баландпояи  Эрон ва Ироқ тавсиаи равобити иқтисодӣ аст, гуфт: Дар бархе замонҳо ҳаҷми муъомилоти ду кишвар ба 13 миллиард доллар расид ва қарор аст, ки ин мизон ба 20 миллард доллар дар сол афзоиш ёбад.

Раиси утоқи бозаргонии Эрон ва Ироқ бо ишора ба ин ки дар ҳоли ҳозир дар тиҷорати ду кишвар тавозуни вуҷуд надорад ва содироти Эрон ба Ироқ бештар аст афзуд: Тавофуқ шуд то ин тавозун барқарор шавад.

Ало Вали Алӣ, раиси утоқи бозаргонии Алимора ҳам бо таъкид бар ин ки тоҷирони ироқӣ интизор доранд андозаи тиҷорат бо Эрон аз 24 миллард доллар низ бигузарад, гуфт: Таҳақуқи ин амр ба ирода ва хостаи ду тараф ва ба вижа бахши хусусии Эрон бастаги дорад.

Салом Қози Иброҳим, раиси утоқи саноати устони Диёлаи Ироқ низ бо ишора ба кайфияти хуб ва нархи колоҳои саноатии Эрон баргузории намоишгоҳҳои тиҷоратии Эрон дар Ироқро хостор шуд.

Шаҳло Умурӣ, ноибраиси утоқи муштараки Эрон ва Ироқ ва раиси утоқи бозаргонии Аҳвоз маркази устони Хузистон низ бо вуҷуди марзҳои муштаракии миёни Эрон ва Ироқ ишора карду гуфт: Бахши хусуси дар Эрон ва Ироқ бо барномарези ва ба сурати ҳадафманд равобити худро поярези ва пеш мебаранд.