Сустии Шӯрои Амният режими Исроилро барои тадовуми ҷиноят густохтар кардааст
Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид сустӣ ва сукути Шӯрои Амнияти ин созмон дар баробари ҷиноёт ва таҷовузҳои режими Исроил алайҳи мардуми Фаластин ва кишварҳои минтақаро далели идомаи ин иқдомоти бадхоҳона донист .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Заҳро Иршодӣ дар нишасти Шӯрои Амният дар мавриди Фаластин изҳор кард: Бар асоси гузориши Созмони Миллал режими Исроил ҳамчунон ба куштори мардуми бегуноҳи Фаластин аз ҷумлаи занону кӯдакон тасарруфу тахриби хонаҳои фаластиниҳо берун рондани иҷбории фаластиниҳо аз хонаҳояшонву шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бар хилофи қатъномаҳои Созмони Миллал идома медиҳад .
Иршодӣ ба гузориши ахири дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди ҳифозат аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона низ ишора карду афзуд бар асоси ин гузориш режими Исроил систематиктарин ва ошкортарин нақзи ҳуқуқи кӯдаконро дар ғарби Осиё муртакиб шуда ва дар соли гузашта 86 кӯдаки фаластиниро ба шаҳодати расонда ва 637 кӯдаки дигарро зиндонӣ кардааст.
Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллал ҳамчунин бо баёни инки вазъияти инсонӣ дар Ғазза ғамангез аст, изҳор кард: Идомаи муҳосираи Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ мисдоқи боризи ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст ва тибқи ҳуқуқи байналмилал муҳосира бояд фавран ва ба таври комил бардошта шавад .
Иршодӣ ҳамчунин бо ишора ба шароратҳои режими саҳюнистӣ дар минтақаи ғарби Осиё гуфт: Ин режим ба нақзи ҳокимияту тамомияти арзии Сурия аз тариқи ишғоли тӯлонимуддати Ҷавлони Сурия ва ҳамчунин ҳамалоти гуногун алайҳи аҳдофу зерсохтҳои ғайринизомӣ дар дохили Сурия аз ҷумла ҳамалоти террористии ахир алайҳи фурудгоҳи байналмиллалии Димишқ дар 10 июни 2022 идома медиҳад.