Боқирии Канӣ: Идеяҳое барои ҷамъбандии музокирот дорем
-
Боқирии Канӣ аз идеяҳое барои ҷамъбандии музокироти БарҶом гуфт
Музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, идеяҳое барои ҷамъбандии музокирот дорем.
Музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонунӣ зидди Ҷумҳурии исломии Эрон, ба далели ибтикороти тими музокиракунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷриба карда, аммо кашолкории тарафҳои ғарбӣ, ба вижа давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонунии давлати пешини Амрико ва идомаи корзори фишори ҳаддиаксарӣ, мунҷар ба тардидҳое дар ҷиддияти ин кишвар барои бозгашт ба БарҶом ва тӯлонӣ шудани раванди гуфтугӯҳо шудааст.
Алӣ Боқирии Канӣ дар твитте навишт: Идеяҳое барои ҷамъбандии музокирот ҳам аз лиҳози шаклӣ ва ҳам муҳтавоӣ дорем, ки ба иштирок гузошта хоҳад шуд.
Боқирии Канӣ дар идома навишт: Ҳамоҳангкунандаи аврупоӣ идеяҳои худро барои ҷамъбандии музокирот ироа карда, Ҷумҳурии исломии Эрон низ идеяҳое барои ҷамъбандии музокирот дорад.