Таҳлил: Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон, далели дигаре бар бепоягии иддаоҳои Вашингтон
Ба рағми иддаоҳои давлати Байден дар бораи омодагии тавофуқ бо Эрон, аммо Амрико ҳамчунон ба эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон идома медиҳад.
Дар ҷадидтарин иқдом дар ин замина Вазорати хазонадории Амрико рӯзи душанбе 6 ширкат ва як киштиро ба далели иртибот бо Эрон дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.
Броён Нелсун муовини вазири хазонадории Амрико дар умури терроризм ва иттилооти молли рӯзи душанбе ишора ба таҳримҳои ҷадиди ин кишвар алайҳи Эрон дар баёнияе навишт: Иёлоти Муттаҳида ба дунбол кардани масири дипламаси ҷиҳати расидан ба бозгашти мутақобил ба иҷрои қомили БарҶом идома хоҳад дод.
Вай идома дод: То замоне, ки Эрон омодаи бозгашт ба иҷрои комили тааҳудоташ бошад, мо ба эъмоли таҳримҳо алайҳи фурӯши ғайри қонунии нафти хом ва маҳсулоти петрошимии Эрон идома хоҳем дод.
Норсири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико гуфт: Эътиёди Кохи Сафед ба таҳримҳо ва истифодаи абзории онҳо, шохисе аз низоми салатанатии Амрико аст ва тағири давлатҳо дар ин кишвар, дар рӯйкарди он фарқе эҷод намекунад. Масулони давлати Бойден Мукарраран сиёсати фишори ҳадди аксарии Трампро як сиёсати шикаст хурда ва бенатиҷа хондаанд, аммо дар амал худ идома диҳанда ва ҳатто густариш диҳандаи ин сиёсати шикас хурда будаанд, то ҷое, ки ҳатто дар раванди талошҳои ҷорӣ барои аз саргирии музокирот ба манзури бозгашт ба тавофуқ низ аз ин иқдоми бесамар ва мухариб даст барнамедоранд.
Ишораи сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба рӯйкарди собит ва мустасмири Амрико алайҳи Эрон яъне эъмоли таҳримҳои қатъи назар аз давлате,ки дар ин кишвар бар сари кор омадааст, воқеъияте, ки бо нигоҳе ба равияи давлати собиқ ва феълии Амрико дар қиболи Эрон таъид мешавад. Ҷу Байден Раис Ҷумҳӯри Амрико борҳо бар лузуми бозгашт ба БарҶом таъкид карда ва муддаӣ буда, ки ин корро дар кутоҳтарин замон сурат хоҳад дод.
Бо ин ҳол пас аз гузаронидани ҳашт давра аз музокироти тӯлони дар Виен байни Эрон ва гурӯҳи 4+1 ва бо ҳузӯри ғайри мустақими Амрико, ба рағми абзори хушбиниҳои аввалия дар бораи расидан ба тавофуқ дар заминаи лағви таҳримҳои зиддӣ эронӣ тавассути Амрико ва бозгашти Эрон ба иҷрои тааҳудоти барҷомии худ, аммо акнун ҷаве аз тардид ва ҳатто ноумеди дар ин замина вуҷӯд дорад. Дар ҳоле, ки Эрон борҳо хостаҳои худро ба таври сареҳ ва шафоф баён карда ва ин давлати Байден аст, ки зоҳиран ё намехоҳад ва ё наметавонад, ки ба ин хостаҳои мантиқи посухи мусбат диҳад.
Давлати Байден муддатҳост дар чорчӯби сиёсати муқасирнамоии худ исрор дорад, ки Эронро омили таъалул дар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ва шикасти эҳтимолии музокирот нишон бидиҳанд дар ҳоле, ки Теҳрон хостаҳои худро бар асоси тавофуқи соли 2015 ва тарҷӯбаи нақзи аҳди тарафи ғарбӣ танзим кардааст. Аз дидгоҳи Теҳрон ончи метавонад расидан ба тавофуқро қатъи кунад, лағви муассири таҳримҳо ва тазмини манофеи Эрон аз тавофуқи эҳтимолӣ аст, бар ҳамин асос Эрон пешниҳодҳо ва ибтикороти лозимро низ барои ба натиҷа расидани музокирот ироа кардааст.
Бар рағми ҳусни нияти Ҷумҳӯрии Ислоии Эрон, аммо тарафи амрикоӣ яъне давлати Байден ё қодир нест ва ё намехоҳад, ки хостаҳои машрӯъ ва мантиқии Эронро ба вижа дар заминаи рафъи таҳримҳо ва баҳраи иқтисодӣ аз БарҶом бипазирад. Зимни ин ки Вашингтон бо тадовуми корзори фишорҳои ҳадди аксари алайҳи Эрон дар қолаби эъломи таҳримҳои ҷадид амалан хоҳони тавофуқи ҷадид бо Теҳрон аст, ки аловабар хостаҳои ҳастаии ҷадид, хоҳони тағироти асосӣ дар сиёсати мантақаӣ ва низ тавонмандии мушакии Эрон аст.
Ҷу Байден Раиси Ҷумҳӯри Амрико дар мақолае дар Вашингтон пеш аз сафари ахираш ба минтақа тареҳ кард: Давлати ман ба афзоиши фишори дипламатик ва иқтисодӣ идома хоҳад дод то замоне, ки Эрон омодаи бозгашт ва пойбанди ба тавофуқи ҳастаӣ 2015 бошад, ҳамонтавре, ки ман ҳамчунон омодаи анҷоми ин кор ҳастам.
Дар муқобил Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳамвора дар чорчӯби мавозъеи минтақаии худ хоҳони рафъи таҳримҳо, ростиозмоии ин амр ва низ ироаи тазминҳое аз сӯи Вашингтон барои худдорӣ аз хурӯҷ аз БарҶом дар сурати бозгашт ба он буда ва дар баробари иқдомоти хасмонаи Вашингтон вокуниши қотеъ нишон дода ва тадобири лозимро иттихоз мекунад.
Канъонӣ дар ин замина таъкид кард: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аввало дар баробар исрори Кохи Сафед ба тадовуми эъмоли таҳримҳо, вокуниши қотеъ, муҳкам ва фаври нишон хоҳад дод ва сониян ҳамаи тадобири лозим барои хунсо карданди осори сӯи эҳтимолии ин қабил таҳримҳо бар тиҷорат ва иқтисоди кишварро ба кор хоҳад гирифт.
Бештар бихонед:
- Ҳушдори Чин ба Вашингтон, Пекин: Таҳримҳои Амрикоро талофӣ хоҳем кард
-
Таҳримҳои Амрико муҷиби афзоиши талафот дар ҳавзаи саломати ҷаҳонӣ шудааст