Август 03, 2022 13:14 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои бандари Чобаҳор барои баҳрамандии кишварҳои мухталиф

Муовини умӯри бандарии Созмони банодиру дарёнавардии Эрон таъкид кард : Роҳбурди аслии бандари Чобаҳор баҳрамандии кишварҳои мухталиф аз зарфиятҳои ин бандар аст .

Бандари Чобаҳор бо мавқеъияти хоси дастрасӣ ба обҳои озоди уқёнус, қарор гирифтан дар мавқеъияти мумтози масири транзити колову мусофир аз Шарқ ба Ғарб ва бараъкс, дур будан аз танишҳои ғарби Осиё, дастрасӣ ба энержии арзон, мавқеъияти вижае дар иқтисоди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дорад .
Ба гузориши хабаргузории Садову Симо, Ҷалили Исломӣ-узви ҳайати омил ва муовини умӯри бандарии Созмони банодиру дарёнавардии Эрон дар маросими рӯзи Чобаҳор дар шаҳри Бомбаи Ҳинд гуфт : Тахфифҳои бисёр зиёде барои тавсеъаи бандари Чобаҳор дар ростои афзоиши ҳамлу нақли коло миёни Ҳинду Эрон ҷорӣ шудааст .
Ӯ афзуд : Муваффақияти интиқоли коло аз бандари Чобаҳор ба Афғонистон ва муваффақияти интиқоли маҳсӯлоти Узбекистон аз масири бандари Чобаҳор ба Ҳинд ва оғози ҳамкориҳои логистикӣ миёни Эрону дигари кишварҳо  ояндаи равшанеро барои банодири ҷанубии Эрон ба вижаи бандари Чобаҳор ба тасвир кашидааст .