Август 06, 2022 18:43 Asia/Dushanbe
  • Фурупошии режими саҳюнистӣ масири бедуни бозгашт аст
    Фурупошии режими саҳюнистӣ масири бедуни бозгашт аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Фурупошии режими саҳюнистӣ як масири бедунибозгашт аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Ҳусейни Саломӣ, дар дидори Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин шароити имрузи ҷаҳони ислом ба хусус минтақаи муқовиматро хос тавсиф кард ва афзуд: Озодии Фаластин барои миллати Эрон фаротар аз як орзу, як роҳбурди қатъи аст.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба боло бурдани тавонмандиҳои муқовимати Фаластин гуфт: Қудрати имрӯзи муқовимати Фаластин дар муқоиса бо гузашта тавсеа пайдо карда аст ва бо зарфиятҳои билқува ва билфеъли худ нишон медиҳад, ки тавони идораи ҷангҳои бузургро ёфта аст.

Генерал Саломӣ якҷоябудан ва омехтагии ҷамъият ва қудрати низмоӣ Исроилро як заъфи зоти барои саҳюнистҳо тавсиф кат ва таъкид кард: Вақте Фаластин қудрат мегирад ва ин қудрат бештар намоён мешавад заъф ва нотавонии саҳюнистҳо ошкортар ва идомаи кор низ барои онҳо душвортар мешавад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Рушди заъфҳои режими саҳюнистӣ онҳоро ба лиҳози равонӣ доиман дар масири вайрони ва тазъиф қарор дода аст ба гунае, ки чашмандози торик ва даҳшатнокеро фароруи худ мебинад.

Генерал Саломӣ бо маҳкум кардани иқдомоти таҷовузкорона ва ҷиноятомези рузи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба Ғаза, ки сабаби шаҳодат ва захми шудани даҳҳо нафар аз мардум ба хусус кудакони мазлум ва бегуноҳ шуд, гуфт: Бедуни тардид посухи сариъи муқовимати исломии Фаластин ба ин ҷиноят нишон медиҳад фасли ҷадиди қудратёби дар ҷараёни муқовимат рақам хурда аст ва саҳюнистҳо тавони сангини дигари бобати ҷинояти ахир пардохт хоҳанд кард.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ бо қадрдонӣ аз мавозеъ ва раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳимоятҳои густардаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баробари Амрико ва режими саҳюнистӣ сабаби хурсандии мардуми Фаластин ва афзоиши руҳияи размандагон ва муҷоҳидони фаластинӣ аст.

 

Барчасп