Таслияти фаро расидани Тосуои ҳусайнӣ
(last modified Sat, 06 Aug 2022 14:09:15 GMT )
Август 06, 2022 19:09 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фаро расидани Тосуои ҳусайнӣ
    Таслияти фаро расидани Тосуои ҳусайнӣ

Якшанбе 16 мурдоди ҳиҷри шамсӣ ва 7 августи соли 2022 мелоди нуҳумин рузи моҳи муҳамрам соли 1444 ҳиҷри қамарӣ ва рӯзи Тосуои ҳусайнӣ.

Мардуми худоҷу ва муъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусейниҳо, масиҷдҳо ва ҳамаи маконҳои муқаддас дар сувги сайиду солори шаҳидон ва дигар шуҳадои Карбало ба хусус ҳазрати Абос ибни Алӣ бародари гироми имом Ҳусайн(а) аъзодори мекунанд.

Ҳамаи бозорҳо, мадрасаҳо, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва бахшҳои тавлиди ва саноати дар Тосуо ва Ошурои ҳусайнӣ дар Эрон таътил ва сиёҳпуш аст.

Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсузи Карбало ва шаҳодати имом Ҳусайн(а) ва ёрони вафодораш натанҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеъа кам нашуда аст, балки ҳар чи мегузарад паёми Ошуро густардатар ва ойинҳои аъзодори бо шуру дарки бештар баргузор мешавад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Тосуои ҳусайниро ба ҳамаи мусалмонон ва озодахоҳони ҷаҳон таслият мегуяд.