Август 08, 2022 18:21 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози зуҳри Ошуро дар саросари Эрони исломӣ
    Иқомаи намози зуҳри Ошуро дар саросари Эрони исломӣ

Ҳайатҳо ва дастаҳои аъзодории ҳусайнӣ(а) дар иқтидо ба сарвару солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусайн(а) намози зуҳри Ошуроро ба ёди охирин намози он ҳазрат дар саросари Эрони исломӣ ба ҷамоъат иқома карданд.

Имрӯз душанбе 8 августи соли 2022 даҳумин рузи моҳи муҳаламулҳароми 1444 ҳиҷри қамарӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) имоми севуми шиъаён аст, ки даҳуми муҳарамулҳароми соли 61 ҳиҷри қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ шаҳид шуданд.

Ҳайатҳо ва дастаҳои аъзодори имрӯз ҳамзамон бо азони зуҳр дар масҷидҳо, ҳусейнияҳо, майдонҳо ва хиёбонҳо ба байъат аз имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш ба ҳангоми намози зуҳр намози ҷамоъат хонданд.

Муҳимтарин паёми намози зуҳри Ошурои ҳусайнӣ, ки ҳамасола ба ёди охирин намози имом Ҳусайн(а) дар зуҳри Ошуро иқома мешавад зинданигаҳ доштани дини Ислом ва эҳёти тамоми арзишҳои илоҳӣ ва инсонӣ дар сахтарин шароит аст.

 

Барчасп