Оғози хадамотрасонӣ ба зоирони Арбаини ҳусайнӣ (а) дар гузаргоҳҳои марзии Эрон
Хадамотрасонӣ ба зоирони Арбаини ҳусайнӣ (а) дар гузаргоҳҳои марзии Эрон дар марзи Шаламча бо ҳузури вазири кишвари Эрон ба таври расмӣ оғоз шуд.
17 сентябри соли 2022, баробар бо 20 сафари соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи ҳазрати Муҳаммад (с), фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима (с) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.
Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.
Ба гузориши ИРНА, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон бо ҳузур дар Шаламча аз мавқеияти мавокиб, поёнаи марзии Шаламча ва зерсохтҳои эҷодшуда барои рифоҳи ҳоли зоирони Арбаини ҳусайнӣ боздид кард.
Қарор аст 400 мавкиб барои хадамотрасонӣ ба зоирони Арбаини ҳусайнӣ аз майдони Муқовимати Хуррамшаҳр то нуқтаи сифри марзӣ дар Шаламча барпо шавад.
Марзи байналмилалии Шаламча дар 15 километрии ғарби Хуррамшаҳри Эрон ва 20 километрии Басраи Ироқ қарор дорад.
Ҳамакнун зоирони ҳусайнӣ бидуни раводид метавонанд аз марзҳои Чазобаву Шаламча дар Хузистон ба шаҳрҳои муқаддаси Ироқ сафар кунанд.