Август 12, 2022 16:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раисӣ бар мазори сардор шаҳид Сулаймонӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз ва дар дуюмин рӯзи сафари устонии худ ба Кирмон, бар мазори сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ҳузур ёфт ва пас аз он бо чархбол аз манотиқи мухталифи Ҷируфт боздид кард.

Ба гузориши хабарнигори Хабаргузории садо ва симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон субҳи имрӯз - ҷумъа ва дар дуюмин рӯзи сафари устонии худ ба устони Кирмон, бар мазори сардори пурифтихори Ислом - Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ҳузур ёфт.

Раисӣ гуфт: «Сардор Сулаймонӣ ҳар вақт бо ман дидор мекард, бар расидагӣ ба Кирмону манотиқи камбархӯрдори Кирмон таъкид дошт ва худашон ҳам ба манотиқи камбархӯрдор тавваҷуҳ мекард».

Ҳамчунин оқои Раисӣ дар идома вориди фурудгоҳи Ҷируфт шуд ва аз тариқи болгард боздиди ҳавоии худро аз манотиқи мухталифи ин минтақа оғоз кард.

Дидор бо мардуми Ҷируфту тавобеъ ва боздиди барномарезинашуда аз чанд тарҳ ва дидор бо хонаводаи шаҳид аз барномаҳои раиси ҷумҳур дар Ҷируфт аст. Пас аз он оқои Раисӣ озими шаҳристони Бам мешавад ва бо мардуми ин шаҳристон дидор мекунад.

Ҳамчунин раиси ҷумҳур зуҳри имрӯз муҷаддад ба Кирмон бозмегардад ва баъд аз зуҳр пас аз дидор бо нухбагону хонаводаи шуҳадо дар нишасти Шурои идорӣ ва нишасти хабарӣ ҳозир хоҳад шуд.

 

Барчасп