Август 13, 2022 13:36 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони дуввумин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои кумак ба барқарорӣ ва суботу оромиш дар ин кишвар буд
    Эрон мизбони дуввумин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои кумак ба барқарорӣ ва суботу оромиш дар ин кишвар буд

Намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар умури афғонистон аз дидор бо мақомоти афғонистон ва таъкид бар лузуми таваҷҷӯҳ ба душманони муштарак ва ҳушёрӣ дар муқобила бо онҳо хабар дод.

Аз замони ба қудрат расидани муҷаддади Толибон дар Афғонистон (августи 2021) Ҷумҳӯрии Исломии Эрон  сиёсати кумак ба барқарории субот дар он кишварро ҳамонанди гузашта дар пеш гирифта ва бо таваҷҷӯҳ ба увзоъи ошуфтаи иқтисодии Афғонистон, аз кишварҳои пештоз дар ироаи кумакҳои инсондӯстона ба мардуми Афғонистон будааст.

 Дар ҳамин чорчӯб, Ҷумҳӯри Исломии Эрон 27-уми октябри 2021 мизбони дуввумин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои кумак ба барқарорӣ ва суботу оромиш дар ин кишвар буд.

Дар баёнияи ёздаи моддаи нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон, ширкаткунандагон шаклгирии сохтори сиёсии фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвомро танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон эълом кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи Ирно, Ҳусайн Козимии Қумӣ намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар умури Афғонистон дар Твиттер навишт: Дар сафари  рӯзи гузашта ба Афғонистон бо муовини нахуствазир ва сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон дидор ва гуфтугӯи созандае доштааст.

Намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон афзӯд: Дар дидор бо мақомоти Афғонистон бар густариши таъомулоти мусбат ва тавсиаи равобит дар ҳавзаҳои мухталиф ба вижа иқтисодӣ таъкид кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп