Касби аввалин нишони тилои таърихии вазнабардони бонувони Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i89930-Касби_аввалин_нишони_тилои_таърихии_вазнабардони_бонувони_Эрон
Сайда Иҳоми Ҳусайнӣ аввалин нишони тилои таърихии вазнабардории занони Эронро касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2022 14:37 Asia/Dushanbe
  • Касби аввалин нишони тилои таърихии вазнабардони бонувони Эрон
    Касби аввалин нишони тилои таърихии вазнабардони бонувони Эрон

Сайда Иҳоми Ҳусайнӣ аввалин нишони тилои таърихии вазнабардории занони Эронро касб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар мусобиқоти вазнабардории бозиҳои кишварҳои исломӣ дар кишвари Туркия дар дастаи 81 килограми занон, Сайда Илҳоми Ҳусайнӣ аввалин нишони тилои таърихии Эрон дар вазнабардории занонро касб кард.

Дар ин мусобиқот Сайда Илҳоми Ҳусайнӣ ҳамчунин ду нишони биринҷ дар ду зарб ва маҷмуъро ба даст овард.

Панҷумин даври бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ, ки аз 9 август дар Қунияи Туркия оғоз шуда аст то 18 август идома дорад.