Август 20, 2022 09:29 Asia/Dushanbe

18-умин намоишгоҳи байналмилалии тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, дандонпизишкӣ, доруӣ ва озмоишгоҳӣ бо ҳузури ширкатҳои донишбунён дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Табрез баргузор шуд.

Тавонмандии ширкатҳои донишбунён дар заминаҳои мухталифи санъати пизишкӣ ба муддати 4 рӯз 16 то 19 августи 2022 дар 18-умин намоишгоҳи байналмилалии тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, дандонпизишкӣ, доруӣ ва озмоишгоҳии Табрез ба намоиш даромад ва бо истиқболи хуби фаъолони ин арса рӯба рӯ шуд.

Ширкатҳои аз устонҳои Озарбойҷони Шарқӣ, Озарбойҷони Ғарбӣ, Теҳрон, Исфаҳон, Форс, Кирмон, Қум, Албурз, Гулистон, Хуросони Разавӣ, Язд ва Занҷон ва низ намояндагони ширкатҳои хориҷӣ аз Олмон, Амрико, Швейтсария, Малайзия, Ҳиндустон, Италия ва Чин дар намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкии Табрез ҳузур доштанд.

Содиқзода, мудири тавлидии яке аз ширкатҳои донишбунёни фаъол дар заминаи тавлиди таҷҳизоти якбор масрафи пизишкӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори Эронпресс дар Табрез гуфт: Ширкатҳои донишбунён дар тавсеаи илми таҷҳизоти пизишкӣ ва фанновариҳои пизишкӣ нақши муассире доранд, чун бештарини хурӯҷи арз аз Эрон дар заминаи технологиҳои нав аст.

Содиқзода афзуд, Ширкатҳои донишбунён ҳар андоза битавонанд тавсеа дар санъати пизишкиро бӯмсозӣ кунанд, сабаби арзоварӣ барои Эрон шуда ва ҳамчунин аз хурӯҷи арз барои воридоти лавозими пизишкӣ, ҷилавгирӣ мекунанд.

Вай тасреҳ кард: Ширкатҳои донишбунёни фаъол дар тавлиди таҷҳизоти якбормасрафи пизишкӣ аз хориҷ шудани солона 50 миллиондоллар арз ва ҳамчунин воридоти ин маҳсӯлот ба Эрон ҷилавгирӣ мекунанд, ки ин мавзӯ иттифоқт бисёр хубе барои ҳавзаи таҷҳизоти пизишкии Эрон аст.

 

Барчасп