Содироти 10 тон кивӣ аз Эрон ба Тоҷикистон
Декабр 03, 2016 19:44 Asia/Dushanbe
10 тон кивӣ аз устони Мозандарон дар шимоли Эрон ба Тоҷикистон содир шуд.
Мудири Ҷиҳоди кишоварзии шаҳристони Аббособод дар устони Мозандарон дар шимоли Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо, гуфт, нахустин маҳмулаи кивии содиротӣ ба мизон 10 тон ва арзиши иқтисодии 700 миллион риёл (18500 доллар) дирӯз аз Салмоншаҳр дар устони Мозандарон ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Абулҳасанӣ афзуд, пешбинӣ мешавад, имсол ҳудуди 60 ҳазор тон кивӣ аз ҳазору 500 гектар боғ дар шаҳристон Аббособод бардошт шавад.