Август 21, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Касби нишони тиллои варзишкори эронӣ дар мусобиқоти куштии фарангии ҷавонони ҷаҳон

Варзишкори эронӣ дар финали вазни 63 килограми мусобиқоти куштии фарангии(юнонӣ-римӣ) ҷавонони ҷаҳон бо ғалаба бар ҳарифи қазоқизстонӣ нахустин тиллоро барои Эрон ба даст овард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти радабандӣ ва финали панҷ вазни нахусти рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон рӯзи шанбе дар шаҳри Софияи кишвари Булғористон баргузор шуд .
Дар вазни 63 килограм Имони Муҳаммадӣ пас аз истироҳат дар даври аввал, дар даври дувум бо натиҷаи 9 бар сифр Озот Сорёр аз Туркияро аз пеши рӯй бардошт .
Муҳаммадӣ дар даври баъд ва дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ бо натиҷаи 6 бар 0  Ромео Бридзе аз Гурҷистонро мағлуб кард ва роҳии марҳилаи ниманиҳоӣ шуд .
Ин куштигири эронӣ дар ин марҳила бо натиҷаи 4 бар 0 аз садди Чизо Мариояма аз Ҷопон гузашт ва ба дидори финал роҳ ёфт .
Муҳаммадӣ дар ин дидор Бойамон Каримов аз Қирғизистонро бо натиҷаи 6 бар 1 шикаст дод ва ба медали тилло даст ёфт .
Дидорҳои финалу радабандии панҷ вазни дувум имрӯз якшанбе баргузор мешавад .