Август 23, 2022 09:44 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши Эрон дар олимпиадаҳои илмии ҷаҳон

Раиси Созмони миллии парвариши истеъдодҳои дурахшони Эрон гуфт: Донишомӯзони Эрон дар олимпиадаҳои илмии ҷаҳон дар соли ҷорӣ тавонистанд 20 медоли тилло, 9 нуқра ва 3 бурунз касб кунанд.

Илҳоми Ёварӣ, раиси Созмони миллии парвариши истеъдодҳои дурахшони Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории Форс бо ишора ба касби мақоми аввал дар ҷаҳон тавассути тими илмии донишомӯзии нуҷӯм ва ахтарфизик, гуфт: Теъдоди медолҳои тилло, ки тавассути донишомӯзон дар олимпиадаҳои илмии ҷиҳат касб шудааст, се баробари соли гузаштааст.

Вай афзуд, имсол 33 донишомӯз ба олимпиадаҳои мухталифи илмии ҷаҳонӣ эъзом шуданд, ки дар ниҳоят 20 тилло , 9 нуқра , 3 бурунз ва як дипломи ифтихор касб карданд.

Ёварӣ идома дод, соли гузашта низ 33 донишомӯз дар олимпиадаҳои мухталифи илмии ҷаҳонӣ ширкат карданд, ки муваффақ ба касби 7 тилло , 18 нуқра , 7 бурунз ва як дипломи ифтихор шуданд.

 

Барчасп