Сардор Абулфазли Алиҷонӣ дар Сурия ба шаҳодат расид
(last modified Tue, 23 Aug 2022 05:40:42 GMT )
Август 23, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Сардор Абулфазли Алиҷонӣ дар Сурия ба шаҳодат расид

Сардор Абулфазли Алиҷонӣ, ба шуҳадои мудофиъи ҳарам мулҳақ шуд.

Мудофиони ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) ё мудофиони ҳарами аҳли байт, гурӯҳҳое, ки умдатан пас аз тахриби мақбараи Ҳиҷр ибни Адӣ, тавассути гурӯҳҳои такфири-террористӣ ва таҳдиди ин гурӯҳҳо мабнӣ бар ҳамла ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), бо ҳадафи муқобила бо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои муҳоҷим ва ҷилавгирӣ аз пешравии онҳо, ба Сурия рафтанд.

Иборати мудофиони ҳарам, аз авоили 1392 шамсӣ, вориди адабиёти иҷтимоӣ дар Эрон шуд.

Шаҳид Абулфазли Алиҷонӣ, аз афсарони донишкадаи пиёдаи Донишгоҳи улӯм ва фунӯни ҳазрати Амиралмуъминини нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Исфаҳон ва аз мусташорони низомӣ дар Сурия буд, ки имрӯз (сешанбе) дар маъмурияти мусташории Сурия ба шаҳодат расид ва ба хайли азими ҳамразмони шаҳидаш пайваст.