Адмирал Сайёрӣ: Паҳпод ҷойгоҳи хосе дар тақвияти тавони размии нерӯҳои мусаллаҳ дорад
(last modified Wed, 24 Aug 2022 12:07:05 GMT )
Август 24, 2022 17:07 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Сайёрӣ дар бораи ҷойгоҳи паҳпод дар Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт
    Адмирал Сайёрӣ дар бораи ҷойгоҳи паҳпод дар Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт

Фармондеҳи размоиши муштараки паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, паҳпод ҷойгоҳи хосе дар тақвияти тавони размии нерӯҳои мусаллаҳ дорад.

Размоиши муштараки паҳподии 1401 рӯзи чоршанбе бо ҳузури нерӯҳои чоргонаи артиш ва қароргоҳи муштараки падофандии Эрон дар шимол, ҷануб, ғарб ва маркази кишвар оғоз шуд.

Дар ин маъмурият бахше аз паҳподҳои шиносоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадафҳои худро барои инҳидом дар марҳалаи баъдии размоишро шиносоӣ хоҳанд кард.

Ин размоиши дурӯза бо ҳузури 150 фарванд паҳподи шиносоӣ ва размӣ дар шимол, ҷануб, ғарб ва маркази кишвар анҷом мешавад.

Адмирал Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумуҳрии Исломии Эрон ва фармондеҳи размоиши муштараки паҳподии 1401 артиш бо таъкид бар ин ки паҳпод имрӯз як падидаи ҷадид аст, афзуд: Асаргузории ин падида дар ҷангҳои ахир дар дунё собит шудааст, ки метавон ба ҷанги ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ҷанги Украина ва Русия ишора кард.

Адмирал Сайёрӣ бо баёни ин ки паҳпод дар созмони разми артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гунҷонида шудааст, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши таъмини амният ба кишварҳои дигари вобаста ва ҳамаи таҷҳизоти паҳподӣ ба сурати бумӣ тавлид мешавад.

Фармондеҳи размоиши муштараки паҳподии 1401 артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки доштани тавонмандии паҳподӣ ба тавони боздорандагии кишвар кумак мекунад, таъкид кард: Амнияти кишвар ва минтақа бояд тавассути кишварҳои минтақа таъмин шавад ва агар қарор аст касе барои кишвар амният барқарор кунад, ин ба маънои амнияти ория аст, ки аслан арзиш надорад.