Август 26, 2022 18:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон раёсати Экосойро бар уҳда гирифт
    Эрон раёсати Экосойро бар уҳда гирифт

Ҷумҳурии исломии Эрон бо раъйи аъзо ба раёсати давраи ҷадиди Созмони девони муҳосиботи кишварҳои узви ЭКО (Экосой) интихоб шуд.

Давраҳои раёсати Экосой сесола аст.

"Экосой" созмони байналмилалӣ аст, ки аз ёздаҳ узви шомили Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Кипри шимолӣ ташкил шуда ва чаҳор кишвари Беларус, Қатар, Кувайт ва Фаластин аъзои нозири он ҳастанд.

Ҳамчунин ба пешниҳоди Эрон коргурӯҳи ҳисобрасии фанноварии иттилоот дар нуҳумин маҷмаи созмони Экосой ташкил шуд.

Дар нуҳумин маҷмаи созмони Экосой пешниҳоди Девони муҳосиботи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи ташкили коргурӯҳи ҳисобрасии фанноварии иттилоот мавриди истиқболи кишварҳои ширкаткунанда қарор гирифт ва ба тасвиб расид.

 

Барчасп