Август 27, 2022 11:44 Asia/Dushanbe

Тавзеҳоти сармураббии Санъати Нефти Ободон дар бораи ҷазби муҳоҷими тоҷикистонӣ Шериддин Бобоев, мебинед ва мешунавед.

Шериддин Бобоев

Аммо бозикуни тоҷикистонии тими Санъати Нефти Ободон дар бораи таҷрибаи голзанӣ дар аввалин бозӣ барои ин тим суҳбат кард.

Шериддин Бобоев дар мавриди голзанӣ дар аввалин бозӣ барои Нефт муқобили Ҳаводори Теҳрон гуфт, хеле хушҳолам, ки бозиро бо пирӯзӣ пушти сар гузоштем ва худам ҳам тавонистам голзанӣ кунам. Ин бурдро ба ҳаводорон ва мардуми Ободон тақдим мекунам.

Ӯдар робита бо голи худ гуфт, ҳамеша бо нияти голзанӣ вориди замин мешавам ва хушҳолам, ки тавонистам дар бозии имрӯз голи пирӯзии тимро бизанам.

Ин муҳоҷими тоҷикистонии тими Санъати Нефт дар посух ба ин савол, ки оё пеш аз ҳузур дар Эрон бо ҳамватанонаш, ки собиқаи бозӣ дар Лигаи бартарро доранд суҳбат карда буд, гуфт, бале бо Ваҳдат ва Манӯчеҳр суҳбат кардам. Онҳо суҳбатҳои дилгармкунандае анҷом доданд. Худи ман ҳам мутаваҷҷеҳ шудам, ки эрониҳо, мардуме меҳмоннавоз ҳастанд. Лигаи Эрон ҳам лигаи бисёр қудратманде аст ва дӯст дорам, ки дар чунин мусобиқоте, бозӣ карда ва пешрафт кунам.

Ӯ ки дар нимаи аввали вингер ва дар нимаи дувум муҳоҷим буд дар посух ба ин савол, ки дар кадом пост роҳатӣ ва кадом як пост тахассусӣ ту аст, таъкид кард, пости аслии ман фурворд аст, вале ҳар куҷо ки ниёз бошад он ҷо бозӣ мекунам.

 

Барчасп