Барӯзтарин амалиёт дар размоиши муштараки паҳподии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Фармондеҳи Неруи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, барӯзтарин амалиёт дар размоиши муштараки паҳподии артиш баргузор шуд.
Размоиши муштараки паҳподии 1401 артиши Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбеи ҳафтаи гузашта (25 август) поён ёфт.
Размоиш бо мушорикати неруҳои чаҳоргонаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с) ва назорати қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) баргузор шуд.
Бакоргирии анвои паҳподҳои бумии шиносоӣ, размӣ ва инҳидомӣ аз неруҳои чаҳоргонаву иҷрои анвои амалиёти паҳподӣ аз ҷумлаи вижагиҳои боризи ин размоиш буд, ки бо диққати зиёд аз сӯи неруҳои ширкаткунанда иҷро шуд.
Генерал Алиризо Сабоҳифард гуфт, дар размоиши муштараки паҳподии 1401 артиш паҳподҳо охирин ва барӯзтарин амалиётро бо муваффақият анҷом доданду ибтикороту текникҳое дар ин размоиш анҷом шуд, ки дар дунё беназираст.