Август 30, 2022 09:48 Asia/Dushanbe
  • Волейболи ҷавонони Эрон бар боми Осиё истод

Тими миллии волейболи ҷавонони Эрон бо панҷ пирӯзии пайдарпай ва бидуни бохт бар боми Осиё истод ва тавонист қаҳрамони бисту якумин давраи рақобатҳои ҷавонони Осиё шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии волейболи ҷавонони Эрон дар марҳилаи финали рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони Осиё аз соъати 20 : 30 дақиқаи душанбе ба масофи тими Ҳинд рафт ва бо натиҷаи се бар як пирӯзи майдон шуд, то унвони қаҳрамонии ин давра аз рақобатҳоро ба худ ихтисос диҳад .
Тими волейболи ҷавонони Эрон бо қаҳрамонӣ дар ин давра аз мусобиқот ба ҳафтумин медали тилло ва қаҳрамонии худ дар ин радаи синнии Осиё даст ёфт.

 

Барчасп