Август 31, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Барои таъмини амнияти минтақа ниёзе ба ҳузури кишварҳои фароминтақаӣ надорем

Муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои қудратманде назири Эрон ва Ҳинд метавонанд амнияти минтақаро таъмин кунанд ва ниёзе ба ҳузури кишварҳои фароминтақаӣ нест.

Адмирал Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи артиш, дар дидор бо ҳайати эъзомии Донишгоҳи дифои миллии Ҳинд, гуфт, ду кишвар метавонанд дар заминаи муқобила бо терроризми дарёӣ, дуздии дарёӣ ва қочоқи дарёӣ, муқобилаи бо нуфӯзи қудратҳои фароминтақаӣ, амнияти энержӣ ва мавориди мутааддиди дигари ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд.

Сайёрӣ афзуд, Эрону Ҳинд, ки дорои манофеи муштараки минтақаӣ дар уқёнуси паҳновари Ҳинд ҳастанд, ва бояд беш аз пеш дар ин ҳавза ҳамкориҳои минтақаии муштарак дошта бошанд.

Вай ҳамчунин гуфт, иҷрои тамриноти муштараки ҳавоӣ ва дарёӣ, табодули устоду донишҷӯ, ҳамкориҳои омӯзишӣ ва фанноварии дифоӣ ва ҳамкорӣ дар заминаҳои илмӣ, пажӯҳишӣ, мутолиотӣ ва хадамоти мушовараӣ, аз ҷумлаи мавориде аст, ки дар ҳамкориҳои низомии ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Адмирал Сайёрӣ тасреҳ кард, мухолифи низомисозии минтақа ҳастем ва амнияти минтақаро худи кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои қудратманде назири Эрон ва Ҳинд метавонанд таъмин кунанду ниёзе ба ҳузури кишварҳои фароминтақаӣ нест.

Дар идомаи ин дидор, сарлашкар Rajesh Moghe, сарпарасти ҳайати эъзомии Донишгоҳи дифои миллии Ҳинд низ гуфт, мардуми Ҳинд нигоҳи мусбате ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд.