Амирабдуллоҳиён: Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз рафтори сиёсӣ фосила бигирад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд аз рафторҳои сиёсӣ фосила бигирад.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён пас аз дидор бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар сафҳаи инстаграмиаш навишт: “Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд аз рафтори сиёсии худ фосила бигирад ва сирфан бар таклифу вазифаи фаннии худ мутамаркиз шавад”.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон гуфт, барои Эрон қобили қабул нест, ки пас аз бозгашти ҳамаи тарафҳо ба БарҶом, муҷаддадан бархе аз дидгоҳҳои сиёсиву иттиҳомоти беасоси ожонс зидди Ҷумҳурии исломии Эрон матраҳ шавад.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе пас аз дидору гуфтугӯ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав, дар нишасти хабарии муштарак афзуд, Эрон аз кунишгарони аслӣ дар ҷаҳон дар мавзуи сулҳомези ҳастаӣ аст ва барои ҳар гуна мусоидату ҳамкорӣ барои барқарории амният омодагӣ дорад.
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки дар масъалаи Украина бархе аз мавзуоти инсонӣ, асирон ва нерӯгоҳи ҳастаии “Запороже” мавриди тавваҷуҳ аст, афзуд: Барои бурунрафт аз ин вазъият бояд аз ҳамаи зарфиятҳои мавҷуд истифода шавад.