Назароти Эрон барои ҷамъбандии музокироти БарҶом ба ҳамоҳангкунандаи Аврупо ирсол шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i90612-Назароти_Эрон_барои_ҷамъбандии_музокироти_БарҶом_ба_ҳамоҳангкунандаи_Аврупо_ирсол_шуд
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди ҷумъа аз ирсоли назароти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди посухи Амрико дар бораи матнии пешнависи тавофуқи эҳтимолии рафъи таҳримҳо хабар дод ва гуфт, матни ирсолӣ дорои рӯйкарде созанда бо ҳадафи ниҳоӣ кардани музокирот аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 02, 2022 17:11 Asia/Dushanbe
  • Назароти Эрон барои ҷамъбандии музокироти БарҶом ба ҳамоҳангкунандаи Аврупо ирсол шуд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди ҷумъа аз ирсоли назароти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди посухи Амрико дар бораи матнии пешнависи тавофуқи эҳтимолии рафъи таҳримҳо хабар дод ва гуфт, матни ирсолӣ дорои рӯйкарде созанда бо ҳадафи ниҳоӣ кардани музокирот аст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони бомдоди ҷумъа эълом кард, пас аз дарёфти посухи Амрико, тими коршиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон онро ба диққат мавриди баррасӣ қарор дода ва посухҳои Эрон, пас аз арзёбӣ дар сутӯҳи мухталиф, тадвин ва панҷшанбешаб ба Энрике Мора, ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо таҳвил дода шуд.

Канъонӣ дар идома хотирнишон кард, матни ирсолӣ дорои рӯйкарде созанда бо ҳадафи ниҳоӣ кардани музокирот аст.