Сарлашкар Боқирӣ: Душманон бо воҳидҳои кучаки таҷассусӣ амнияти дарёнавардиро ба хатар меандозанд
Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба талоши душманон барои ҷуброни коҳиши низомиёни худ дар Ғарби Осиё гуфт, онон бо воҳидҳои кучаки таҷассусӣ амнияти дарёнавардиро ба хатар меандозанд.
Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ дар ойини пайвастани таҷҳизоти беҳсозишудаи размии сатҳӣ ва зерсатҳӣ дар корхонаҷоти Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бандар-Аббос изҳор дошт, бархе кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё бо одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ минтақаро бо таҳдидоте мувоҷеҳ кардаанд.
Сарлашкар Боқирӣ бо баёни ин ки пайвастани режими саҳюнистӣ ба фармондеҳии террористии Сенткоми артиши Амрико метавонад таҳдидотеро барои Ғарби Осиё эҷод кунад, афзуд, Эрон ин ҳузури режими саҳюнистиро таҳаммул намекунад.
Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар ин ки ҳуқуқи амнияти дарёнавардӣ ва дарёнавардӣ дар обҳои озоду байналмилалӣ бояд барои ҳама ба таври яксон барқарор бошад, гуфт: Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз ин ҳаққи миллат ба таври комил дифоъ мекунанд.
Сарлашкар Боқирӣ ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи санъати дифоӣ гуфт, Эрон дар авҷи таҳримҳо бо такя бар дониши бумӣ тавонист дар ҳавзаи дифоӣ, шиноварҳо, мушакҳо, паҳподҳо, таслеҳоту таҷҳизоти навин бисозад.