Дарёбони посдор Алиризо Тангсерӣ ба шаҳодат расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124578-Дарёбони_посдор_Алиризо_Тангсерӣ_ба_шаҳодат_расид
“Порс-Тудей”. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе эълом кард, фармондеҳи Нерӯи дарёии сипоҳ бар асари шиддати ҷароҳот ба шаҳодат расид.
(last modified 2026-03-30T15:30:41+00:00 )
Март 30, 2026 20:28 Asia/Dushanbe
  • Дарёбони посдор шаҳид Алиризо Тангсерӣ
    Дарёбони посдор шаҳид Алиризо Тангсерӣ

“Порс-Тудей”. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе эълом кард, фармондеҳи Нерӯи дарёии сипоҳ бар асари шиддати ҷароҳот ба шаҳодат расид.

Ба гузориши “Порс-тудей”, дар баёнияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст: Дарёбони посдор шаҳид Алиризо Тангсерӣ, ки ба дунболи заработи сангине ки мунҷар ба нобудии таъсисот ва зерсохтҳои муҳими душман ва суқути ҷангандаи амрикоӣ шуд, дар ҳини сомондеҳӣ ва тақвияти неруҳо ва тақвияти сипади дифоии ҷазоиру савоҳил мавриди исобати душманони мутаҷовиз қарор гирифта буд, бар асари шиддати ҷароҳот ба лиқои Аллоҳ пайваст.

Ин баёнияи меафзояд: Миллати Эрон бо ин шаҳодатҳо хӯ гирифтаанд ва медонад ҷабҳае ки бо рафтани барҷастатарин устураҳои таърихи башар ва бузургтарин раҳбарони илоҳие чун Хумайнӣ ва Хоманаӣ заррае мутаваққиф нашуд, балки бо қудрати бештар масирро идома дод, бо шаҳодати сардорони майдон ҳам муқтадирона роҳи худро идома хоҳад дод.

Сипоҳи посдорон таъкид кард: Нерӯе ки дарҳам шикастани амалиёти абарқудратҳо дар эскорти нафткашҳо бо ибтидоитарин силоҳҳо ва нобудии чанд нови ҷангии амрикоиро дар дифои муқаддаси ҳаштсола дар корнома дорад ва мардуми мо хотираи иззатмандонаи асорат гирифтани туфангдорони амрикоӣ ва англис ва ғанимат гирифтани шиноварҳои душманро аз онон доранд, ҳар размандааш як Тангсерӣ аст ва рӯзҳову моҳҳои пеширӯ хоҳем дид, чӣ шигифтиҳоеро рақам хоҳанд зад.