Сентябр 05, 2022 16:25 Asia/Dushanbe
  • Лағви комили таҳримҳои золимона, ҳадафи аслии музокироти ҳастаӣ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт : Лағви комили таҳримҳо зидди давлат ва миллати Эрон аз аҳдофи асосии музокироти ҷории байни Эрону тарафҳои имзокунандаи тавофуқи Барҷом аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чофӣ дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон дар бораи охирин раванди музокироти лағви таҳримҳои золимонаи Эрон афзуд : Эрон барои инки нақши мутаъаҳҳидонаву масъӯлонаи худашро дар иртибот бо тавофуқи Барҷому музокироти рафъи таҳримҳо ифо кунад, дидгоҳҳои худро дар ин замина муҷаддадан ба ҳамоҳангкунандаи музокирот мунтақил кард ва дар ин иртибот мунтазири дарёфти посухи тарафҳои муқобил ва мушаххасан дарёфти посухи давлати Амрико аст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки муҳимтарин дастури Вазорати умӯри хориҷа дар музокирот гирифтани тазмин аст, гуфт : Ҳар тавофуқе иттифоқӣ шакл бигирад агар тазмине вуҷуд надошта бошад, имкон дорад муҷаддадан нақз шавад . Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон дар бора идомаи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо баёни инки моҳияти сулҳомези фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дар ҷамъбандии соли 2015 ва инъиқоди тавофуқи Барҷом мавриди таъйид қарор гирифт, тасреҳ кард : Мавзӯи тазмин ду ваҷҳ дорад ; як ваҷҳ тазмини лағви таҳримҳо аст, то Эрон ба таври комил аз фоидаи иқтисодӣ бархурдор шавад ва баҳси дигар дур кардани Ожонси байна0лмилалии энержии атомӣ аз рафтори сиёсӣ аст, чаро ки ин мавзӯъ боиси эҷоди халал мешавад . Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бора таҳаввулоти ахири кишвари Ироқ гуфт : Раванди таҳаввулоти ин кишвар барои Эрон муҳим аст ва Ҷумҳурии исломӣ ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии Ироқро ба гуфтугӯ даъват мекунад . Канъонии Чофӣ бо таъкид бар инки Эрон қасди мудохила дар умури Ироқро надорад, афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон нигоҳи бахшӣ ва ҷузе ба Ироқ надорад ва тамоми гуруҳҳои сиёсии Ироқро ҷузе аз раванди таҳаввулоти ин кишвар медонад . Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон дар бораи иддаои режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба неруҳои эронӣ дар Сурия бо баёни инки кулияи иқдомоти режими саҳюнистӣ ғайриқонунӣ ва номашруъ аст ва иддаои режими сохтагӣ дар бораи инки ба пойгоҳҳои Эрон ҳамла карда пуч ва беасос ва ботил аст, гуфт : Иқдомоти ғайриқонунии режими саҳюнистӣ зидди зерсохтҳои Сурия бо ҳимояти Амрико анҷом мешавад . Канъонии Чофӣ  афзуд : Ҳузури Эрон дар Сурия ба дархости давлати қонунии ин кишвар ва мусташорӣ аст 

 

Барчасп