Сентябр 07, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Кируш ба сармурабигарии тими футболи Эрон бармегардад
    Кируш ба сармурабигарии тими футболи Эрон бармегардад

Мудири расонаии тими миллии футболи Эрон аз интихоби Карлос Кируш ба унвони сармураббии ин тим хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Ҷамоат, мудири расонаии тими миллии футболи Эрон дар твитте навишт, Федератсиюни футболи Эрон ба далели талошҳои бевақфаву боло рафтан ба Ҷоми Ҷаҳонӣ қадрдони Драгон Искочич хоҳад буд, аммо бо тасмими ҳайати раиса Карлос Кируш ба унвони сармураббии ҷадид интихоб шуд.

Карлос Кируши португалӣ, ки ҷойгузини Драгон Искочичи хорватӣ шуд, дар солҳои 2018 ва 2014 низ сармураббии тими футболи Эрон дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ буд.

Бо интихоби Меҳдии Тоҷ ба раёсати футболи Эрон, бо раъйи аъзои Маҷмаи интихоботии футбол, Драгон Искочич, сармураббие, ки тими миллии Эрон бо ӯ ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 роҳ ёфта буд, барканор ва мутобиқи ваъдаи интихоботии раиси Федератсиюни футболи Эрон, Карлос Кируш ба унвони сармураббии ҷадид баргузида шуд.

Ба ин тартиб Кируш барои сеюмин Ҷоми Ҷаҳонии паёпай рӯйи нимкати тими миллии футболи Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ менишинад.