Омодагии Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар барқарории амнияти зоирони Арбаин
Намояндаи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар умури Арбаин омодагии комили ин неруро барои барқарории амнияти зоирони Арбаини ҳусайнӣ (а) эълом кард.
Сардори сартип Баҳроми Ҳусайнии Мутлақ, намояндаи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар умури Арбаин дар боздид аз марзу поёнаи мусофирии Чазобаи Эрон гуфт, барои хидматрасонӣ ва таъмини амнияти зоирон бахшҳои артиш, фармондеҳии интизомии ҷумҳурии исломӣ, марзбонӣ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва неруҳои вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон иқдомоти хубу дархури таваҷҷуҳе барои тараддуди равони зоирони Арбаин анҷом додаанд.
Сардор Ҳусайнии Мутлақ афзуд, тамҳидоти лозим барои бозгашти амну боиззати зоирон ба Эрон андешида шудааст.
Марзҳои Чазобаву Шаламча, ду марзи расмӣ ва байналмилалӣ барои тараддуди зоирони Арбаини ҳусайнӣ ҳастанд. Пешбинӣ шуда, аз ин ду марз ҳудуди ду миллион зоир ба Карбалои Ироқ мушарраф шаванд.
20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони боваҷои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.