Сентябр 12, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақомоти Эрон ва Яман дар Теҳрон
    Гуфтугӯи мақомоти Эрон ва Яман дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо сухангӯи Ансоруллоҳ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳимояти худро аз хосту иродаи мардуми Яман эълом доштааст.

Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи Ансоруллоҳ ва раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи якшанбе дар сафар ба Теҳрон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин дидор бо эъломи ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз оғозу тамдиди оташбас дар Яман, онро муқаддимае барои барқарории сулҳи пойдор донисту ибрози умедворӣ кард, бо рафъи комили муҳосираи Яман, парвандаи инсонии Яман кушоиш ёбад.

Музокиракунандаи аршади давлати Наҷоти миллии Яман низ дар ин дидор аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз мардуми Яман қадрдонӣ карду Амирабдуллоҳиёнро дар ҷараёни охирин таҳаввулоти ин кишвар қарор дод.

Чанд моҳе аст бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид миёни тарафҳои даргир дар Яман оташбас барқарор аст, аммо Эътилофи Саудӣ ҳамарӯза ин оташбасро нақз мекунад.