Сентябр 14, 2022 15:39 Asia/Dushanbe
  • Имзои 18 санади ҳамкори бо Узбакистон, Раисӣ ба Ню-Йорк меравад
    Имзои 18 санади ҳамкори бо Узбакистон, Раисӣ ба Ню-Йорк меравад

Раиси дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуф: Раиси ҷумҳур дар сафар ба Самарқанд бо ҳамтои узбакистонӣ ва дигар сарони иҷлос дидор хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломҳусейн Исмоилӣ дар ҳошияи нишасти ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи сафари имрӯзи Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Узбакистон гуфт: Сафар ба Узбакистон як сафари чанд ҷониба аст ибтидо сафар ду ҷониба ба Узбакистон анҷом мешавад ва бар асоси қоидаҳои сафар дидорҳо ва мулоқотҳои раисони ҷумҳури ду кишвари Эрон ва Узбакистон анҷом мешавад ва сипас вазирон бо ҳамтоёни худ дидор ва ҷаласаҳои комисионҳои муштараки ду кишвар баргузор мешавад.

Исмоилӣ афзуд: 18 санд ва тафоҳумномаи ҳамкори ба имзо хоҳад расид, ки дар ҳошияи иҷлос дидорҳои дуҷониба бо раиси Ҷумҳурии Русия, Чин ва Ҳинд ва дигар кишварҳое, ки дар иҷлоси Шанхай ҳузур хоҳанд дошт анҷом хоҳад шуд.

Раиси дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Фароянди узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Шанхай бар асоси мусавабаи ҳайати вазирон, санади аслии бунёдин тавассути вазири умури хориҷаи Эрон ва кишварҳои узви Шанхай ба имзо мерасад, ки мувафақияти хуби барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Исмоилӣ дар хусуси судури виза барои Ню-Йорк барои раиси ҷумҳури низ гуфт: Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қасди сафар ба Ню-Йоркро дорад, аммо ҷузиёт пас аз сафари Узбакистон эълом хоҳад шуд.