Раисӣ дар Тошканд: Равобити Эрон ва Узбакистон тамадунӣ ва фарҳангӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар камисяи муштараки Эрон ва Узбакистон таъкид кард: Равобити Теҳрон ва Тошканд тамадунӣ ва фарҳангӣ аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон имрӯз ба даъвати расмии Шавкат Мирзиёев ҳамтои узбакистонии худ барои ҳузур дар бистудувумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкории шанхай ба Самарқанд сафар кард.
Раисӣ дар нишасти камисяи муштараки Эрон ва Узбакистон бо табрики солгарди истиқлолияти Узбакистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар гуфт: Равобити Эрон ва Узбакистон бедуни шак дар ин солҳо пешрафти хуб дошт ва равобити Теҳрон бо Тошканд тамадуни куҳан ва фарҳангӣ аст.
Ба гузориши ИРНА раиси ҷумҳур афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳо пешрафтҳои бисёр хуби дар ин солҳо дошта аст.
Раисӣ дар дома афзуд: Миллати бо иродаро таҳдидҳо ба фурсатҳо табдил кард ва имрӯз дар ҳавзаҳои мухталиф пешрафт дорем ва зарфиятҳои бисёри дар Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод шуда аст.
Раисӣ афзуд: Барои рушди равобит байни ду кившар монеъи намешиносем ва ин омодаги вуҷуд дорад равобити дуҷонибаро дар ҳавзаи табодули тиҷорӣ, транзити ва ҳамлу нақл аз дигар ҳавзаҳое аст, метавонад сатҳи ҳамкориҳоро афзоиш диҳем.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки бо иродае, ки дар сатҳи сарони ду кишвар вуҷуд дорад метавон сатҳи равобити тиҷории Теҳрон-Тошкандро аз 500 миллион доллари феъли то се баробар афзоиш дод аз омодагии Эрон барои судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва рушди ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон хабар дод.
Раиси Ҷумҳурии Узбакистон низ дар ин дидор гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба равобити таърихии муштарак мубодилоти иқтисодии миёни ду кишвар афзоиш дошта аст.