Декабр 05, 2016 17:57 Asia/Dushanbe
  • Cафари вазири умури хориҷии Эрон ба Чин

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки дар садри ҳайати олирутбаи сиёсию иқтисодӣ бомдоди имрӯз, душанбе вориди Пекин шуд, бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин дидору гуфтугӯ кард.

Вазирони умури хориҷии Эрону Чин бо баёни ин ки риояи тааҳҳудоти комили БАРҶОМ аз сӯйи ҳамаи тарафҳо зарурӣ аст, эълом карданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин рӯйкардҳои муштарак дар қиболи мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ доранд.

Равобити Эрону Чин ба унвони ду кишвари муҳими осиёии воқеъ дар Шоҳроҳи Абрешим дар бистари таҳаввулоти минтақаӣ, дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва дифоӣ дар ҳоли густариш аст. Сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Чин низ дар ҳамин чорчӯб қарор дорад. Чан Вантсюан, вазири дифои миллӣ ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Чин дар сафари ахираш ба Теҳрон бо мақомҳои Эрон дар бораи ҳамкории амниятӣ ва дифоӣ гуфтугӯ кард. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар дидор бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Чин аз терроризм ва мудохилаи ғайриқонунии бархе кишварҳо дар умури дохилии дигарон ба унвони ду хатар ва таҳдиди бузург ном бурда, таъкид кард, ки равобити ду кишвар бар мабнои эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак идома меёбад. Ин ҳамкорӣ дар давраи пасобарҷомӣ, ки фазои муносибе барои ҳамкории бештар дар заминаи энержӣ, дифоӣ, иқтисодӣ, ҳастаӣ ва соири бахшҳо ба вуҷуд омадааст, густурда хоҳад шуд. Аз ин рӯ, нахустин мавзӯе, ки дар ин сафар таваҷҷуҳи маҳофили сиёсиро ба худ ҷалб кардааст, муносиботи роҳбурдии Эрону Чин аст. Ин мавзӯъ бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои пешорӯ ва дидгоҳҳои ҳамсӯе, ки Теҳрону Пекин дар қиболи ҳифзи суботу амнияти минтақа ва мубориза бо терроризм доранд, қобили дарк аст.

Бадеҳист, ҳифзи амният ниёзманди ҳамкории дастаҷамъӣ аст ва афзоиши ҳамкориҳо миёни кишварҳои ҳамсӯ ва таъсиргузор ба таҳаввулоти минтақаию байналмилалӣ метавонад заминасози ҳамкориҳои чандҷониба ва дар ниҳоят тақвияти суботу амнияти дастаҷамъӣ шавад. Таҳдидҳои террористӣ ва ҳузури физояндаи НАТО ва Амрико дар Осиёи Марказӣ ва ғарби Осиё акнун ба мушкили муҳими минтақаву ҷаҳон табдил шудааст. Бадеҳист, ки густариши ҳамкориҳои Эрон бо кишварҳое, монанди Чину Русия дар робита ба дарки муштарак аз таҳдидҳост ва мутаносиб бо ин ҳамсӯӣ равобит амиқ гашта, тавсеа хоҳад ёфт. Иқтисоди Чину Эрон низ комилкунандаи якдигар ҳастанд. Зимни ин ки Чин ба унвони як узви Шӯрои амният ва яке аз тарафҳои БАРҶОМ афзоиши ҳамкориҳо бо Эронро дар ҳама арсаҳо зарурӣ медонад, Зариф ва Ван И дар ҳамин чорчӯб ҳамкории иқтисодию бонкӣ, таъмини молии лоиҳаҳоро мавриди баррасию табодули назар қарор доданд. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, Чину Эрон дорои манофеи муштарак ҳастанд ва ҳеҷ монеае барои рушди муносибот ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар вуҷуд надорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳудуди як сол қабл дар дидор бо оқои Си Ҷинпин раисҷумҳури Чин ва ҳайати ҳамроҳаш дар Теҳрон бо ишора ба собиқаи куҳани иртибототи тиҷорию фарҳангии миллатҳои Эрону Чин таъкид карданд, давлату миллати Эрон ҳамвора ба дунболи густариши равобит бо кишварҳои мустақилу қобили итминон, чун Чин буда ва ҳастанд. Воқеият ин аст, ки сиёсатҳои султагаронаи бархе кишварҳо, бавижа Амрико ва ҳамкории ғайрисодиқонаи онҳо бо кишварҳои дигар мӯҷиб шудааст, ки кишварҳои мустақил ба дунболи ҳамкориҳои бештар бо якдигар бошанд. Тавофуқи Эрону Чин барои равобити стратегии 25-сола, тамоил ва нигоҳ ба Шарқ дар фарҳанги эронӣ низ дар ҳамин чорчӯб бояд маъно карда шавад, зеро ҷаҳони Ғарб ҳеҷ гоҳ натавонистааст эътимоди миллати Эронро ҷалб кунад. Аммо дар ин миён сиёсати Амрико дар қиболи Эрон дар муқоиса бо кишварҳои ғарбӣ бадтар ва хасмонатар будааст. Мисоли ахир ин масъалаи бадаҳдии Амрико дар тааҳҳудоташ дар чорчӯби БАРҶОМ ва тамдиди таҳримҳои якҷонбаи зидди Эрон дар Конгресс аст, ки он нақзкунандаи БАРҶОМ аст. Ҳамин сиёсатҳои хасмона мӯҷиби шудааст, ки миллати Эрон ва масъулони кишвар густариши равобит бо кишварҳои мустақилро пайгирӣ кунанд. Ин сухани раисҷумҳури Чин дар сафараш ба Теҳрон, ки гуфт, бархе абарқудратҳо ба дунболи ҳоким кардани инҳисор ва сиёсати ҷангалии «ё бо мо, ё душмани мо» ҳастанд, ишора ба ҳамин воқеият аст ва нишон медиҳад, ки Эрону Чин ба дунболи равобити мустақил ва дур аз аҳдофи инҳисорталабона ҳастанд. Ин рӯйкард табиатан метавонад фазои муносибе барои амалӣ кардани иддаоҳо ва сиёсатҳои давлатҳои мустақил фароҳам созад. Ба равобити Эрону Чин низ бояд аз ин зовия нигарист.