Декабр 05, 2016 18:40 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии вазирони хориҷаи Эрон ва Чин дар Пекин

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Чин таъкид карданд, ҳамаи тарафҳо бояд ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, пойбанд бошанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, имрӯз (душанбе) дар нишасти хабарии муштарак бо Ван И, вазири хориҷаи Чин, дар Пекин бо муассир хондани нақши Чин дар ба натиҷа расидани музокирот барои ҳалли мавзӯи ҳастаии Эрон гуфт, ду кишвар ҳамкориҳои созандае барои расидан ба БАРҶОМ анҷом доданд.

Вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард, БАРҶОМ тавофуқ ва тааҳҳуди чандҷониба буда, ки ҳамаи тарафҳо бояд ба он таваҷҷӯҳ кунанд ва ин мавзеи муштараки Теҳрон ва Пекин аст.

Зариф ҳамчунин дар бораи таҳаввулоти минтақа, гуфт, Эрон ва Чин муътақиданд, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ниёзманди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бидуни ҳечгуна мулоҳиза бо гурӯҳҳои террористӣ аст.

Вазири хориҷаи Эрон , равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чинро дар ҳамаи ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодиӣ, амниятиӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ, қавӣ ва мустаҳкам донист ва афзуд, ду кишвар дар чорчӯби пешниҳоди раисиҷумҳури Чин барои эҳёи “Роҳи Абрешим” метавонанд мукаммил ва ҳамкори хубе дар сатҳи минтақаӣ бошанд.

Зариф таъкид кард, ҳадаф аз ҳузури ҳайати олирутбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва тиҷорӣ дар Пекин барои таҳаққуқ бахшидани сареъ ба ин муҳим аст.

Вазири хорҷаи Чин низ дар ин нишасти хабарӣ бо баёни ин ки тааҳҳудоти БАРҶОМ набояд таҳти таъсири масоили дохилии кишварҳо бошад, таъкид кард, иҷрои ин тавофуқи байналмилалӣ масъулияти ҳамаи кишварҳои зирабт аст ва ҳама бояд ба тааҳҳудоте, ки дар ин бора ва дар БАРҶОМ додаанд, пойбанд бошанд.

Вай афзуд,  роҳи ҳалли сиёсии мавзӯи ҳастаии Эрон метавонад, улгуе муносиб барои ҳалли масоили муҳимми байналмилалӣ бошад.

Вазири хориҷаи Чин бо таъкид бар тадовуми ҳамкориҳои Эрон ва Чин барои ҳалли сиёсии буҳронҳои минтақаи Ховари Миёна тасреҳ кард, дар масири ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ бояд, мубориза бо терроризм ва ифротгароён ҳам ташдид шавад.

Ван И равобити Эрон ва Чин дар заминаҳои иқтисодӣ ва фановарӣ, илмӣ ва тарҳҳои зербиноӣ ва энергиро хуб тавсиф кард ва ҳамкории наздиктар бо Эрон дар иҷрои тарҳҳои марбут ба роҳи навин Абрешим ва арсаҳои иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои зербиноиро хостор шуд.

 

Барчасп