Раисӣ: Дидоре бо Бойден нахоҳам дошт
Раиси Ҷумҳӯри Эрон дар остонаи ширкат дар ҳамфтодуҳафтумин маҷмуаи умумии Созмони Миллал дар гуфтугӯ бо як расонаи амрикоӣ эълом кард дидоре бо Ҷу Бойден Раиси Ҷумҳӯри Амрико иттифоқ нахоҳад уфтод.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ қарор аст барои ширкат дар ҳафтодуҳафтумин иҷлоси сарони маҷмӯаи умумии Созмони Миллал ба Ню-Йорк сафар кунад.
Шабакаи хабарии CBC -Ниюз гузориш дод, ки Раисӣ дар гуфтугӯ бо ин шабакаи хабари эълом кард, ки дидоре бо Ҷу Бойден иттифоқ нахоҳад уфтод.
Бар асоси ин гузориш, Раисӣ дар посух ба саволе дар бораи эҳтимоли дидори рӯ дар рӯ бо Байден дар ҳошияи нишасти маҷмуаи умумии Созмони Миллал гуфт: Фикр намекунам чунин дидоре иттифоқ биафтад, на мулоқот на музокираро муфид намебинам. Раиси Ҷумҳӯр дар посух ба ин савол , ки ба назари шумо чӣ тафовуте миёни давлати Трамп ва давлати Бойден вуҷӯд дорад? гуфт: Ҳукумати ҷадид дар Амрико иддао мекунад, ки бо давлати Трамп мутафовит аст, аммо мо дар амал ҳеҷ тағире надидаем.
Пеш аз ин низ Раиси Чумҳӯри Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Алҷазираи Қатар бо баёни ин, ки гирифтани тасмими ниҳоӣ барои дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ бар уҳдаи Амрико аст, таъкид кард: Мусамам ба дифоъи қотеона аз ҳуқуқи Эрон ва мардуми он ҳастем.
Раисӣ панҷшанбе шаб дар ин мусоҳиба афзӯд: Рафъи таҳримҳои Эрон бояд бо дастёбӣ ба замонатҳо ҳамроҳ бошад ва барои пешбурди музокироти ҳастаӣ бояд мавзуъоти подмони ҳал шавад.
Раси Ҷумҳӯри Эрон гуфт: Қабл аз ин ки Ғарб аз мо бихоҳад фаъолиятҳои ҳастаиро мутафақиф кунем бояд онро аз режими саҳюнистӣ бихоҳанд, ки силоҳои куштори ҷамъи дорад.
Раисӣ бо таъкид бар ин, ки мусамам ба дифои қотеона аз ҳуқуқи Эрон ва мардуми он ҳастем дар бораи эҳтимоли дидори мустақим бо Амрико афзӯд: Музокираи мустақим бо Амрико бар сари тавофуқи ҳастаӣ надорад ва Амрико бояд иқдомоти эътимодсозӣ бо тарафи эронӣ анҷом диҳад.