Уммон мизбонӣ аз даври шашуми музокироти ғайримустақими Эрон - Амрикоро таъйид кард
Июн 12, 2025 12:29 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - дар ҳоле ки сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон эълом карда буд, ки баргузории даври шашуми музокироти ғайримустақими Эрону Амрико дар Масқат дар ҳоли «барномарезӣ» аст, Уммон мизбонӣ аз ин гуфтугуҳоро дар рӯзи якшанбе (25 хурдодмоҳ) таъйид кард.
Бадар Ал Бусаъиди, вазири хориҷаи Уммон рӯзи панҷшанбе дар ҳисоби Х худ навишт: Бо камоли хурсандӣ таъйид мекунам, ки шашумин даври музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, якшанбеи ҳафтаи оянда (25 хурдодмоҳ) дар Масқат баргузор хоҳад шуд. / ИРНА