Таҷҳизоти пизишкии Эрон ба чанд кишвари ҷаҳон содир мешавад?
(last modified Mon, 09 Jun 2025 07:42:00 GMT )
Июн 09, 2025 12:42 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизоти пизишкии Эрон ба чанд кишвари ҷаҳон содир мешавад?

Порстудей - Муовини илмии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз рушди чашмгири содироти таҷҳизоти пизишкии ин кишвар хабар дод.

Ҳусайни Афшин рӯзи якшанбе дар маросими ифтитоҳи 26-мин Намоишгоҳи байналмилалии Iran Health 2025 дар Теҳрон зимни қадрдонӣ аз талошҳои фаъолони саноъати таҷҳизоти пизишкии Эрон , бар аҳамияти навоварӣ, сифат ва пуштибонии фановарона дар ин ҳавза таъкид кард.

 Ба гузориши Порстудей , Афшин гуфт : Пизишкони Эрон ҷузви саромадони дунё ҳастанд ва агар Эрон бихоҳад ба яке аз зарфиятҳои ифтихорофарини худ ишора кунад , бидуни шубҳа ҳавзаи пизишкӣ ва дармон ҷузви барҷастатаринҳо аст.

Вай афзуд : Тавлидкунандагони эронии таҷҳизоти пизишкӣ маҳсулотеро тавлид ва ба ҷомеъаи саломат арза мекунанд, ки сифат, эминӣ ва давоми онҳо аз сатҳи болое бархурдор аст . Ин ки ин таҷҳизот мавриди истифодаи пизишкони зубдаи эронӣ қарор мегирад , нишондиҳандаи сатҳи болои эътимод ва кайфият аст; чаро ки пизишкони мо вазифадор ба истифода аз беҳтарину эминтарин таҷҳизот бо болотарин сатҳи сифатӣ ҳастанд .

Афшин бо баёни инки таҷҳизоти пизишкии Эронӣ ба беш аз 60 кишвар содирот мешавад тасреҳ кард : Таҷҳизоти пизишкии эронӣ , яке аз ифтихороти саноъати донишбунёни кишвар аст .

Гуфтанӣ аст 26-мин давраи Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти пизишкӣ , дандонпизишкӣ , доруӣ ва озмоишгоҳии Эрон бо унвони « Iran Health 2025» аз таърихи 18 то 21 хурдодмоҳи 1404(8 то 11 июни 2025) , дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон дар ҳоли баргузорӣ аст . Ин рӯйдод мизбони мушорикаткунандагони байналмилалӣ аз 20 кишвари ҷаҳон аст.