Сентябр 19, 2022 15:32 Asia/Dushanbe

Паҳлавонони бостоникори Эрон бо намоиши зӯрхонаӣ дар бистумин давраи ҷашнвораи байналмилалии бозӣ ва варзишҳои суннатии хиёбонии Италия ҳузур ёфтанд.

Тими варзиши паҳлавонӣ ва бостоникори Эрон дар шаҳри Вранаи Италия ба тартиб дар се ва ду навбат намоиши варзиши суннатӣ ва паҳлавонӣ иҷро карданд.

Паҳлавонони бостоникори Эрон бо ҳузур дар саҳна бо ҳаракатҳои устодонаи милгирӣ, партоби мил ва сангу чарху куштии паҳливонӣ ба ҳамроҳи зарбу овози муршидон, зимни дурахшиш дар ҷашнвораи байналмилалии бозӣ ва варзишҳои суннатии хёбонӣ, сабаби шодмонии ҳозирон шуданд.

Ин маросим, ки бо мушорикати ройзании фарҳангии Эрон дар Италия ва Федератсияи варзишҳои зӯрхонаӣ ва куштии паҳлавонии Эрон баргузор шуд, бо истиқболи хуби аҳолии шаҳри Вранаи Италия ва шумори зиёде аз гардишгарони хориҷӣ ҳамроҳ шуд.

 

Барчасп